Нашъаҷаллобони пеш судшуда боздошт гардиданд

Январь 29, 2015 10:21

 Душанбе, 29.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).- Шабонарӯзи гузашта кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари кишвар дар минтақаҳои мухталифи ҷумҳурӣ се нуқтаи фурӯши маводи нашъаоварро нобуд сохта, нашъаҷаллобонро боздошт намуданд.
Кормандони Раёсати агентӣ  дар вилояти Хатлон дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб сокини маҳаллиро бо бастаи героин боздошт намуданд, ки ӯ қаблан ду маротиба суд шудааст.
Аз тарафи кормандони Раёсати агентӣ дар вилояти Суғд дар ҳудуди шаҳри Панҷакент бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ду сокини маҳаллӣ  дастгир шуд, ки аз онҳо маводи нашъаовари афюн ошкор ва мусодира гардид. Ҳангоми гузаронидани тафтиш муайян гардид, ки як боздоштшуда якчанд сол қабл дар қаламрави кишвари ҳамсоя барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар суд шудааст.
Кормандони Раёсати агентӣ дар шаҳри Душанбе сокини ноҳияи Рӯдакиро боздошт намуданд, ки аз ӯ дар дохили мошини “ Opel Astra” афюн ошкор ва мусодира гардид. Ин боздоштшуда низ қаблан бо моддаи 147 КҶ ҶТ суд шудааст.

Январь 29, 2015 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад