Навсозиҳои роҳҳои оҳан дар кишвар
Душанбе, 30.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» тибқи нақша ва мувофиқ ба имкониятҳои дошта шурӯъ аз соли 2014 тасмим гирифт, ки тамоми истгоҳҳои роҳи оҳани дар ҳудуди мамлакат мавҷуд бударо аз таъмири куллӣ бароварда, барои кормандону мутахассисони соҳа шароити хубтари фаъолиятро муҳайё созад.
Бино ба иттилои ВКД «Роҳи оҳан», бо талошу дастгириҳои Ҳукумати мамлакат солҳост, ки маркази чумҳурӣ- шаҳри Душанбе бо вилоятҳои Суғду Хатлон пайванди роҳи оҳан дорад. Барои дар ҳолати омодабош қарор доштани роҳи оҳан ва ҳаракати бехатари қатора, истгоҳҳо нақши калидӣ мебозанд. Бо назардошти ин масъала роҳбарияти корхонаи мазкур тасмим гирифт, ки тамоми истгоҳҳои минтақаҳои Душанбе, Суғд ва Хатлонро, ки аз тариқи онҳо қатора ҳаракат мекунад, таъмиру навсози намояд.
Гуфта мешавад, дар соли равон тибқи ин нақша бинои вокзали шаҳри Кӯлоб ва истгоҳи ноҳияи Восеи вилояти Хатлон навсозӣ шуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






