Назорати истифодаи самараноки замин
Душанбе, 12.01.2015. (АМИТ «Ховар», Рафоати Абдулҳамид).-Имрӯз, 12 январ зимни нишасти матбуотии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоҳир Зокиров, раиси ин ниҳод зикр намуд, ки кумита ва мақомоти он дар махалҳо дар соли 2014 корҳои баҳисобгирии давлатии миқдори заминҳо, заминсозии байнихоҷагӣ, тадқиқоти калонҳаҷми хок, тадқиқоти геоботаникии чарогоҳҳо, бақайдгирӣ ва барасмиятдароӣ, азнавташкилдиҳӣ ва таҷдиди корхонаҳои кишоварзӣ, ташкили шаклҳои нави хоҷагидорӣ, корҳои топографӣ- геодезӣ, харитасозӣ, делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро дар миқёси ҷумҳурӣ роҳандозӣ намуд.
Назорат оид ба самараноку оқилона истифода бурдани замин аз вазифаҳои асосӣ буда, кумита дар давраи ҳисоботӣ назоратро оид ба риояи қонунгузории замин ва самараноку оқилона истифода бурдани он боз ҳам пурзўр намуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






