Назорати мақсадноки 340 корхона аз ҷониби ХНДБК
Душанбе, 09.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо (ХНДБК) дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ Салимзода Сиҷоуддин гуфт, ки дар хадамот 1821 корхона ва 12670 иншооти зери назоратӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи 8 нозироти давлатӣ ва 3 нозироти комплексии бехатарии саноатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳои Суғду Хатлон 879 назорати техникӣ гузаронида шуд, ки аз онҳо 94 назорати комплексӣ, 340 назорати мақсаднок ва 445 назорати фаврӣ мебошад.
Дар натиҷаи гузаронидани назоратҳои техникӣ ба ҳамаи корхона ва ташкилотҳо нишондод бо назардошти камбудиҳои ҷойдошта пешниҳод гардида, муҳлати муайян барои бартараф ва ислоҳи камбудиҳо дода шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ шумораи корхонаҳои бақайдгирифташуда 265 ва иншоотҳо 888 ададро ташкил медиҳад. Соли 2014 дар натиҷаи иҷрои ваколатҳо 910 нишондод бо дарҷи 4167 банд ба роҳбарони корхонаву ташкилотҳо ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо ва қонунвайронкуниҳо пешниҳод гардидааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






