Нишасти матбуотӣ дар МТС

Январь 6, 2015 12:24

Душанбе,  06.01.2015. (АМИТ «Ховар», Марҳабои  Азамат).- Маркази  тадқиқоти  стратегии  назди  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон соли   соли  2014 зимни  фаъолияти  илмию  тадқиқотиаш  ба  ду  самти  асосӣ,  аз  қабили  стратегияи  рушди   низому фарҳанги  сиёсии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва   консепсияи таъмини рушди сифатан  нави  иқтисодиёти  кишвар  таваҷҷуҳи  хосса  зоҳир  намуд. 
Директори  Маркази тадқиқоти  стратегӣ (МТС)  Худойбердӣ  Холиқназар дар  нишасти  матбуотӣ,  ки  5  январ  дар Маркази  матбуоти ҷумҳуриявии  «Иттилоот ва  муошират» баргузор гардид,   дар  ин  бора  хабар  дод. Назар ба гуфтаи  манбаъ, соли  2014  дар  асоси Нақшаи  тадқиқоти  илмӣ фаъолияти  илмӣ  аз  рӯи  чунин  мавзӯъҳои  муҳим,  аз  қабили  равобити  низоми  сиёсӣ  бо  фарҳангу шуури   сиёсӣ,  ҳамгироии  равандҳо  чун   омилу   шарти рушди  иқтисодиёт,  хусусияти  миллии  фарҳанги  нави  сиёсӣ  дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  сиёсати  инноватсионӣ дар  бахшҳои барқу  гармидиҳӣ  ва  кишоварзии Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  ҳамкории Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои  хориҷӣ, такмили заминаи  иттилоотии мавод таҳлилӣ ва  таъмини  иттилоотии онҳо,  рушди   соҳибкории  истеҳсолӣ,  масоили таъмини  сифати рушди   бахши  иҷтимоӣ ва омилҳои баланд  бардоштани  сатҳи  зиндагии  аҳолӣ ва  ғайра  ҷараён  дошт. 
«Ҳангоми таҳлили  равандҳои  ҷорӣ  ва  дурнамои   рушди  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба сиёсати дохилию  хориҷии  давлат, пешгӯии тамоюлҳои  асосӣ, хавфу хатари  дохилию  хориҷӣ  ба амнияти  миллии  кишвар,  тамоюлҳои рушди  давлатҳои  ҳамсоя  ва  абарқудрат,  тамоюл  ва пешгӯии  рушди   соҳаҳои  алоҳида, арзёбии  рушди иҷтимоию  иқтисодии  минтақаҳои  ҷумҳурӣ,   сиёсати  минтақавии  кишвар,  равандҳои  сармоягузорӣ  ва  рушди бахши инфиродӣ  ва  ғайра  таваҷҷуҳи  хосса  зоҳир  гардид», —  гуфт  Худойбердӣ  Холиқназар.
Директори  МТС   зикр  намуд, ки  соли  2014  кормандони  марказ 122 маърӯзаи таҳлилӣ  ва  маводи  иттилоотию  таҳлилӣ  дар  ҳаҷми  умумии  1500  саҳифаро таҳия  ва  манзури  Дастгоҳи  иҷроияи  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  Ҳукумати  кишвар  ва  муассисаҳои  дигари давлатӣ  намуданд.
Ёдовар  мешавем, ки  Маркази  тадқиқоти  стратегии  назди  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба  ҳайси  яке  аз  марказҳои таҳлилию  машваратии  кишвар   ба  манзури   татбиқи  стратегияҳои давлатӣ  ва  такмили  механизми  сиёсати  дохилию  хориҷии  роҳбарияти  кишвар  ва сиёсати  дурандешонаи Сарвари  давлат  фаъолият  мекунад.
Ҳайати  МТС ва ҷамъияти таҳлилии  Тоҷикистон  дар  арафаи  Соли Нав  20  — солагии таъсиси Марказро  бо ташкили  конфронси   илмию  амалии «Самтҳои  стратегии рушди Тоҷикистони  мустақил» таҷлил   намуданд. 
 

Январь 6, 2015 12:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст