Нобудсозии 3 ташхисгоҳи истеҳсоли героин
Душанбе, 29.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).-«Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи муфаттишони Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди Президенти ҶТ 200 парвандаи ҷиноӣ вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар оғоз гардид, ки ин аз нишондоди соли 2013 — 29% зиёд аст»,-иброз намуд директори АНМН Рустам Назарзода 28 январ зимни нишасти матбуотӣ аз рӯи натиҷаи фаъолият дар соли 2014.
Тибқи иттилои масъулин дар ин давра бо иштироки бевоситаи кормандони агентӣ фаъолияти 3 гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ ва 24 гурӯҳи ҷинояткор, ки дар таркиби он 57 нафар ҷинояти вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар содир намудаанд, ошкор ва безарар гардонида шуд.
Рустам Назарзода илова намуд, ки фаъолияти афсарони алоқаи агентӣ, ки дар Афғонистон дар ҳамкорӣ бо кормандони полиси Афғонистон 17 амалиёти муштарак гузарониданд, бенатиҷа набуда, аз муомилоти ғайриқонунӣ зиёда аз 2 тонна маводи нашъаовар мусодира гардид. Хамчунин бо мусоидати афсарони алоқаи агентӣ 3 ташхисгоҳ оид ба истеҳсоли героин нобуд карда шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






