Номусоидии ҳаво мушилот ба бор овард
Душанбе, 20.01.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Сабаби кам гаштани миқдори тухмӣ ва шумораи оилаҳои занбӯрро масъулини Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати ҶТ дар номусоидии ҳаво ва хунук омадани зимистон маънидод намуданд.
Тавре ки директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати ҶТ Азизулло Исматзода имрӯз, 20 январ зимни нишсти матбуотӣ баён дошт, хоҷагиҳои низоми агентӣ дар соли 2014 мебоист 19 028 кг тухмӣ тайёр мекарданд, вале дар асл ҳамагӣ 18 740 кг тухмиҳои гуногун тайёр намуданд.
«Дар соли 2014 тибқи нақша шумораи оилаҳои занбӯри асал дар хоҷагиҳои агентӣ бояд ба 3600 адад расонида мешуд, аммо то имрӯз оилаҳои занбӯр 3315 оиларо ташкил менамояду халос. ки нисбат ба нақша 285 оила кам мебошад»,-илова намуд А.Исматзода.
Вале масъулини агентӣ ният доранд дар соли 2015 ин камбудиҳоро бартараф намуда, оилаҳои занбӯрҳоро ба 3600 расонанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






