Оғози амалиёти 100 рӯзи ниҳолшинонӣ
Душанбе, 6.01.2015. (АМИТ «Ховар», Рафоати Абдулҳамид).- Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо мақсади сабзу хуррам ва ободу зебо гардонидани хиёбону гулгаштҳои кишвар бо ҷалби ҷавонону наврасон амалиётеро таҳти унвони «Ин Ватанро мо, ҷавонон, сабзу хуррам мекунем!» эълон намудааст.
Тавре ки дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ дод, дар доираи ин амалиёт ҷавонону наврасон ва кормандону алоқамандон ниҳолҳои гуногуни сояафкану мевадиҳандаро ҷамъоварӣ карда, дар боғу гулгаштҳо ва мавзеъҳои лозимӣ мешинонанд.
Иқдоми мазкур дар давоми 100 рӯз идома ёфта, ҳар як шаҳрванд метавонад дар ин амалиёт иштирок намояд ва саҳми худро дар ободии диёри маҳбуби Тоҷикистон гузорад.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






