Оғози даври зимистонаи омӯзиш дар ҚМ ҶТ
Душанбе, 08.01.2015 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Шурӯъ аз моҳи январи соли ҷорӣ даври зимистонаи омӯзиш дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Вобаста ба ин, дар тамоми ҷузъу томҳои тобеи Вазорати мудофиа ҷамъомад доир гардида, афсарону сарбозон аз рӯи мавзӯъҳои пешбинишуда, дар давоми даври омӯзиш ба таълимоти фанҳои низомӣ фаро гирифта мешаванд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ҳамасола даври тобистонаи омӯзиш дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аввали моҳи июн оғоз гардида, даври зимистонаи он дар аввали моҳи декабр роҳандозӣ мегардад.
Соли равон бо фармони вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғози таҳсили зимистона ба аввали моҳи январ гузаронида шуд, ки тамоми қисму воҳидҳои ҳарбии Вазорати мудофиа омодагии ҳамаҷониба доштанд.
Барномаи таълимии омӯзиш тибқи нақшаи ягонаи омодагии ҷангӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ сурат гирифта, сарбозон мувофиқ ба талаботи давру замон омӯзонида мешаванд. Ҳамасола афсарону сарбозон дар асоси барномаи таҳияшуда ба таълиму омӯзиши мавзӯъҳои мухталиф ва машғулиятҳои амалӣ-саҳроӣ ҷалб мешаванд.
Зимни анҷоми даври омӯзиш дар Қувваҳои Мусаллаҳ ҳар як афсару сарбози Артиши миллӣ аз дарсҳои тайёрии ҷамъияти давлатӣ, командирӣ, тайёрии ҷисмонӣ, машғулиятҳои тахассусӣ вобаста ба мавзӯъҳои пешбинишуда дар назди масъулини соҳа санҷиш месупоранд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






