Оғози озмуни роҳбаладони мавсими “Ҳаҷ -2015”
Душанбе,13.01.2014. (АМИТ «Ховар», Маҳмудзода Баҳманёр).-Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати интихоби роҳбаладони мавсими “Ҳаҷ-2015” озмун эълон менамояд.
Ба иттилои Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросиимҳои миллӣ дар озмун нафароне иштирок карда метавонанд, ки забони арабиро балад буда, як маротиба сафари ҳаҷ намудаанд.
Ҳамчунин аз довталабон тақозо мешавад, ки аз маносики ҳаҷ пурра огоҳ ва малакаи хуби ташкилотчигиву кор бо мардумро дошта бошанд.
Гуфта мешавад, дар озмуни “Ҳаҷ-2015” танҳо нафарони синнашон аз 25 то 60 ширкат карда метавонанд.
Довталабон бояд ҳуҷҷатҳои зерин: ариза ба номи раиси кумита, нусхаи шиносномаи дохилӣ, маълумотнома аз ҷои истиқомат, маълумотномаи тиббӣ (шакли 086), 2 адад расми 3х4, варақаи шахсӣ, тарҷумаи ҳолро ба кумита ба суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ 14 пешниҳод намоянд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






