Обёрӣ тавассути 384 пойгоҳи обкашӣ
Душанбе, 20.01.2015. (АМИТ Ховар, Рафоати Абдулҳамид).- Мувофиқи иттилои Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ 749,9 ҳазор гектар замини корами обӣ мавҷуд мебошад. Идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо бо 14 312 хоҷагӣ дар асоси шартнома ба 531,6 ҳазор гектар замини кишоварзӣ хизмат мерасонад. Дар давраи ҳисоботӣ агентӣ ба фаъолияти пойгоҳҳои обкашӣ, дастгоҳҳоӣ обкашӣ, чоҳҳои амудӣ ва рушди ин самти муҳими соҳа аҳамияти ҷиддӣ дода, дастгирии доимӣ зоҳир менамояд. Аз миқдори умумии заминҳои обӣ 280,8 ҳазор гектар тавассути 384 адад пойгоҳи обкашӣ ва 531 адад чоҳи амудӣ обёрӣ мешавад.
Назар ба иттилои Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши оби додашуда дар ҷумҳурӣ 70.7 млн сомониро ташкил дода, дар давраи ҳисоботӣ пардохти он 46 млн сомонӣ ва ё ба андозаи 68 фоиз мебошад.
Мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17- уми апрели соли 2014 нақшаи талаботи истифодаи неруи барқ тасдиқ гардида, кори пойгоҳҳои обкашӣ оғоз гардид.
Соли гузашта мувофиқи маълумотҳо истифодаи неруи барқ зиёда аз 1,1 млрд квт- ро ташкил дод, ки арзиши он 52.2 млн сомонӣ мебошад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






