Омода намудани иншоотҳои обёрӣ ба мавсим
Душанбе, 21.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).-Аз Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки дар соли 2014 як силсила қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Дар барои Агентии бехдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи дастгирии давлатӣ ва андешидани тадбирҳо оид ба солимгардонии вазъи иқтисодию молиявии Ширкати саҳомии холдинги кушодаи «Барқи тоҷик», «Дар бораи ҳисоботи директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳлили миқдор, сабабҳо ва ҳолати истифодаи заминҳои обие, ки бо об таъмин намебошанд ва роҳҳои ҳалли мушкилоти мазкур» ва «Дар бораи муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба замин ва дастгирии давлатии ассотсиатсияи истифодабарандагони об” ба тасвир расидаанд, ки онҳо ба рушд ва дастгирии соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ нигаронида шудаанд.
Ба қавли манбаъ, вазифаи аввалиндараҷаи сохторҳои агентӣ- ин омода намудани иншоотҳои обёрӣ, пойгоҳҳои обкашӣ ва таъмин намудани кишоварзон бо об мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






