Омодагии Ҷопон барои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон
Душанбе, 7.01.2015. (АМИТ «Ховар», Покизаи Шодмон). — Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода бо сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такаши Камада 7 январи соли равон сурат гирифт. Ба иттилои хадамоти матбуоти вазорати мазкур, дар ҷараёни мулоқот Ш. Раҳимзода барои дастгирӣ ва ҳамкориҳои судманд дар соҳаҳои мухталифи иқтисод изҳори миннатдорӣ намуд.
Сафири Ҷопон дар навбати худ аз шароити мусоиди сармоягузорӣ дар Тоҷикистон изҳори хушнудӣ намуда, таъкид дошт, ки мо омода ҳастем дар вусъат бахшидани лоиҳаҳои сармоягузорӣ аз ҷониби ширкатҳои бузурги ҷопонӣ дар соҳаҳои гуногун кӯшиш ба харҷ диҳем.
Дар раванди мулоқот ҷонибҳо дар атрофи дигар масъалаҳои мавриди назар мубодилаи афкор намуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






