Омодасозии кадрҳои баландихтисос дар КВД «РОТ»
Душанбе, 21.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Комил Мирзоалиев, раиси КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” дирӯз зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки солҳост дар корхона барномаи омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳавӣ амал мекунад. Дар айни замон 4 донишҷӯ дар Донишкадаи муҳандисони нақлиёти шаҳри Маскав ва 22 нафар донишҷӯёне, ки пештар дар Академияи нақлиёти роҳи оҳани Украина таҳсил мекардаанд, бо сабаби вазъи душвори сиёсии ин кишвар ба Донишгоҳи давлатии техникии ба номи М. Осимӣ барои идомаи таҳсил гузаронида шуданд.
Аз оғози барномаи омодасозии кадрҳои баландихтиссос барои роҳи оҳан аллакай 114 хатмкунандаи донишгоҳҳои номбурда дар корхонаву муассисаҳои роҳ бо кору маоши хуб таъмин шудаанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






