Ошкоршавии 1 471 ҷинояти коррупсионӣ
Душанбе, 26.01.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода). — Дар нишасти матбуотие, ки имрӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, роҳбари ин ниҳод Абдуфаттоҳи Ғоиб ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 471 ҷинояти коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ба андоз алоқаманд ошкор гардидааст, 438-тои онҳоро ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин ташкил медиҳанд. Аз ҷумлаи ҷиноятҳои ошкоргардида 298-тоаш ҷиноятҳои бо роҳи азонихудкунӣ, исрофкорӣ ва қаллобӣ, 40 адад ҷинояти сӯйистифода аз ваколатҳи мансабӣ ва баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ, 107 ҷинояти гирифтан ва додани пора, 14 адад ришвадиҳии тиҷоратӣ ва 29 адад гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯӣ мебошад.
« Маблағи зарари молиявӣ бо ҷиноятҳои ошкоргардида 128 млн. 119 ҳазору 614 сомониро ташкил медиҳад, ки зимни санҷишу таҳқиқ маблағи 28 млн. 24 ҳазор сомонии он рӯёнида шудааст»,-гуфт Абдуфаттоҳ Ғоиб.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






