Ошкоршавии ҷинояти куштор дар Бохтар
Душанбе, 27.01.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Дирӯз зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрванд Рамазон Абдуллоев, соли таваллудаш 1995, истиқоматкунандаи шаҳри Сарбанд бо гумони содир намудани ҷинояти куштор дастгир гардид.
Тибқи иттилои ВКД ҶТ, дастгиршуда 24-уми январи соли ҷорӣ, тақрибан соати 22.00 дақиқа дар назди тарабхонаи Муниса, воқеъ дар ноҳияи Бохтар бо бародарон Анвар Сафаров, соли таваллудаш 1988 ва Дилшод Сафаров, соли таваллудаш 1989, сокинони ноҳияи Бохтар ҷанҷол намуда, бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтан бо корди хоҷагӣ ба узвҳои бадани номбурдагон зарба зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷа Анвар Сафаров ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Дилшод Сафаров ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Далели шайъӣ гирифта шуд. Нисбат ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






