Палатаи ҳисоб: 38,7 млн. сомонӣ ба манфиати давлат барқарор шуд

Январь 30, 2015 16:20

Душанбе, 30.01.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-«Дар соли 2014 дар вазорату идораҳо, бонкҳои давлатӣ, марказҳои идораи барномаҳои лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 314 санҷиши аудиторӣ гузаронида шуда, ба маблағи 69,9 млн. сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шуд, ки аз он хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ 16,5 млн. сомонӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ 3,5 млн. сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ 19,1 млн. сомонӣ, зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ 339,3 сомониро ташкил додааст»,-гуфт имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси Палатаи ҳисоби ҶТ Давлатзода Дилмурод Ашурбек.
Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки дар ҷараёни санҷишҳоии аудиторӣ 38,7 млн. сомонӣ маблағ ба манфиати давлат барқарор шуд, ки он 55,4 фоизи зарари ошкоршударо ташкил медиҳад. Аз маблағи умумии барқароршуда ба буҷети давлатӣ 24,8 млн. сомонӣ ва ба корхонаҳои давлатӣ 13,9 млн. сомониро ташкил медиҳад. 
Ғайр аз ин дар натиҷаи чораҷӯии кормандони Палатаи ҳисоб маблағи бақияпулиҳои андоз ба қадри 543,6 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби қарзҳои дебиторӣ ва зерҳисобии барқароргардида 42,6 млн. сомонӣ, аз ҳисоби зиёдомади молу амволи арзишдор 4,7 млн. сомонӣ ва аз ҳисоби дигар манбаъҳо 2,4 млн. сомонӣ ба буҷет ва корхонаҳои давлатӣ барқарор шуда, маблағгузории нақшаҳои хароҷотии ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ба қадри 1,3 млн. сомонӣ кам карда шуд,-зикр шуд зимни нишаст.  
 
 
 

Январь 30, 2015 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид