Панҷакент: 36 амрия ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо
Панҷакент,21.01.2015. (АМИТ «Ховар», Гулбаҳори Худойбердӣ).- Дар Маркази ташхиси минтақавии шаҳри Панҷакент бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ доир гардид. Дар нишаст директори марказ Ислом Бурҳонов гуфт, ки корҳои иҷрошуда дар соли 2014 ба 108 фоиз баробар буда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 125 фоизро ташкил медиҳад. Аз тарафи мутахассисони бахши нозироти савдо бошад, дар 128 муассисаи савдои чакана ва хӯроки умумӣ санҷишҳо гузаронида шуда, ба роҳбарони дахлдор 36 адад амрияи ислоҳи камбудиҳо, 4 адад амрияи манъи фурӯши маҳсулот, 20 адад санади хариди назоратӣ ва 2 адад санади нобудсозӣ дода шудааст. Дар ин давра 51 нафар соҳибкороне, ки дар фаъолияташон ба камбудиҳои ҷиддӣ роҳ дода буданд, ба маблағи 10 ҳазору 440 сомонӣ ҷаримабандӣ гардида, ин маблағ ба буҷаи давлатӣ ворид гардид.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






