Панҷакент: дастовардҳо назаррасанд
Панҷакент, 07.01.2015. (АМИТ «Ховар», Гулбаҳори Худойбердӣ).- Имрӯз дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент бо ширкати хабарнигорони маҳалливу ҷумҳуриявӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Раиси шаҳри Панҷакент Хисрави Абдуназар аз фаъолияти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳр тӯли соли равон гузориш дода, аз ҷумла гуфт: «Дар соли 2014 ба буҷет аз ҳисоби андозҳо ва андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 158 миллиону 676 ҳазор сомонӣ маблағ ворид шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ 9 миллиону 526 ҳазору 52 сомонӣ бештар буда, назар ба нақшаи пешбинишуда 19 миллиону 864 ҳазору 423 сомонӣ кам ё баробари 88, 9 фоиз аст. Дар давраи ҳисоботӣ аз 11 сарчашмаи воридоти андозҳо иҷрои 4 намуди он пурраву барзиёд таъмин гардида, аз ҳисоби иҷро нашудани нақшаи воридотӣ 7 намуди андозҳо ба буҷет 28 миллиону 77 ҳазору 26 сомонӣ кам маблағ ворид гардидааст».
-Феълан мо аз натиҷаҳои истеҳсолии аксари идораву ташкилотҳо, хоҷагиву корхонаҳои ҳудуди шаҳр қаноатмандем, агарчи дар баъзе самтҳои хоҷагидории мо норасоиҳо ба чашм мерасанд. Мекӯшем, ки дар давоми соли 2015 онҳо бартараф шаванд ва ба натиҷаҳои беҳтаре ноил бигардем,-афзуд Хисрави Абдуназар.
Дар қатори дигар масоил раиси шаҳр ба масъалаи навсозии фурудгоҳи шаҳри Панҷакент дар ҳамкорӣ бо ҶДММ Корхонаи муштараки «Зарафшон» ба маблағи 1 миллиону 672 ҳазор сомонӣ навсозии бинои асосӣ ва бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин намудани фурудгоҳ сухан гуфт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






