Панҷакент: Муваффақиятҳои Коллеҷи тиббӣ
Панҷакент, 24.01.2015. (АМИТ «Ховар», Гулбаҳори Худойбердӣ).- Дирӯз дар Колеҷи тиббии шаҳри Панҷакент бо иштироки як гурӯҳ рӯзноманигорон нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар нишаст Муҳаббат Собирова, директори муассиса гуфт: «Дар таълимгоҳ 30 синфхона, 16 кабинети фаннӣ, 1 озмоишгоҳ, ду дарсгоҳи компютерӣ, толори маҷлисӣ, китобхона, майдончаи варзишӣ, ошхона мавҷуд аст. Дарсгоҳҳо ва кабинетҳои фаннӣ бо овезаҳо, гӯшаҳо, корҳои эҷодии донишҷӯён ва омӯзгорон таҷҳизонида шудаанд. Таъминоти китобхона бо адабиёти таълимӣ-методӣ, тахассусӣ ва илмӣ аз самтҳои асосӣ маҳсуб мегардад, ки маъмурияи таълимгоҳ ба он таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Қироатхона 50 ҷои нишаст дошта, 4466 адад китоби тахассусӣ (методию дарсӣ), 2039 адад китоби бадеӣ ҷиҳозонида шудааст».
Дар нишаст зикр шуд, ки дар соли 2014 таълимгоҳро 211 нафар донишҷӯ хатм намуд, ки аз инҳо 20 нафараш дорои дипломи аъло мебошад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






