Пардохти 4,3 млн. сомонӣ маблағҳои андӯхти нафақавӣ

Январь 13, 2015 09:17

Душанбе,13.01.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Дар соли 2014 нақшаи андози иҷтимоии инфиродӣ 89,5 фоиз таъмин  шуда, ба буҷети агентӣ 69 миллион сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба соли 2013 9,3 млн. сомонӣ ё 15,6 фоиз зиёд мебошад. Ин матлабро дирӯз Назокат Одинаева, муовини аввали директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигорон дар ҷамъбасти солонаи фаъолияти агентӣ иброз дошт. 
Назокат Одинаева афзуд, ки барои гирифтани маблағҳои андӯхти нафақавӣ 14 ҳазору 361 нафар муроҷиат намудааст. Дар ин давра ба 14 ҳазору 441 нафар тавассути Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар ҳаҷми 4,3 млн. сомонӣ маблағҳои андӯхти нафақавӣ пардохта шуд, ки аз ин шумора аризаҳои 1 ҳазору 91 нафараш дар охири соли 2013 ворид гардидааст. Ҳамчунин дар ин давра 1 ҳазору 11 ариза бинобар мувифиқат накардани ҳуҷҷатҳо бозпас гардонда шудааст.

Январь 13, 2015 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд