Парвандаҳои маъмурӣ нисбат ба 44 соҳибкору 35 сароянда
Душанбе, 27.01.2015. (АМИТ «Ховар»)-Дар соли 2014 мутобиқи маълумоти пешниҳоднамудаи Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 567 адад парванда оид ба вайрон намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тартиб дода шуда, ҷиҳати чораандешӣ ба судҳо ворид шудааст. Аз 567 парванда 552 адад баррасӣ гардида, 15 адади он дар истеҳсолот қатъ шудааст. Ошкор намудани қонуншиканиҳо дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чунин аст: вилояти Хатлон 161 адад, вилояти Суғд 209 адад, шаҳри Душанбе 81 адад, ВМКБ 12 адад ва ШНТҶ 104 адад.
Аз ҷумла, аз тарафи Раёсати танзими анъана ва ташну маросимҳои Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли ҷорӣ 61 ҳолати қонуншиканӣ ошкор ва парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуданд.
Дар миёни ашхосе, ки талаботи Қонунро нодида гирифтаанд, шаҳрвандони дорои касбу кори гуногун дида мешаванд.
Аз ҷумла, дар ин давра нисбат ба 44 соҳибкор, 7 роҳбари муассиса ва ташкилот, 35 сароянда, 16 масъули тарабхона, 11 хизматчии давлатӣ, 1 корманди ҳифзи ҳуқуқ, 8 омӯзгор, 3 табиб, 3 муҳосиб, 8 донишҷӯ ва дигар шахсон барои нақзи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷиҳати чораандешӣ ба судҳо ирсол гардидаанд.
Ҷои зикр аст, ки дар соли 2014 дар ҳудуди вилояти Хатлон 161, Суғд 209, шаҳри Душанбе 81, ВМКБ 12 ва шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 104 ҳолати вайрон гардидани талаботи қонуни мазкур ба қайд гирифта шудааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






