Парвариши беш аз 22 ҳазор ниҳоли мевадиҳандаву сояафкан
Душанбе, 20.01.2014. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).-Дар соли ҳисоботӣ аз тарафи корхонаҳои воҳиди давлатии хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ ба миқдори 2285,5 ҳазор кучати ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда, сояафкан, ороишӣ ва буттаҳоро парвариш намуда, ба миқдори 1037,3 ҳазор ниҳоли гуногуни аз 2 то 5- сола барои фурӯш тайёр намуда, ба миқдори 309,9 ҳазор бех ба маблағи 438,1 ҳазор сомонӣ ба дигар ташкилоту муассисаҳо ва аҳолӣ фурӯхтанд,-таъкид гардид дар нишасти хабарии Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Тоҷикистон.
Ба иттилои агентии мазкур дар ниҳолхонаҳои хурди муассисаҳои давлатии хоҷагиҳои ҷангали агентӣ дар майдони 43 га ба миқдори 467 ҳазор бех кучату ниҳолҳо тайёр карда, қисме аз онҳоро фурӯхта, қисми дигари онҳо дар хоҷагӣ истифода бурда шуданд.
Вобаста ба бунёди майдонҳои сафедор дар доираи «Барномаи рушди хоҷагии ҷангал» дар заминҳои хоҷагиҳои ҷангал мутобиқи он ба хоҷагиҳои алоҳида нақшаи бунёд ва баҳри иҷрои он аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағи 2 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд. Масъалаи мазкур дар МД хоҷагиҳои ҷангали ноҳияи Ашт, Н. Ҳувайдуллоеви ноҳияи Ашт, Айнӣ, Дашти Ҷуми ноҳияи Шӯробод, Сари Хосори ноҳияи Балҷувон ва ноҳияҳои Ховалингу Ҳисор хуб ба роҳ монда шуда, ин хоҷагиҳо ҳам нақшаи бунёдро таъмин намуданд ва ҳам сабзиши ниҳолҳои шинондашуда муътадил мебошад,-омадааст дар ҳисоботи солонаи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Тоҷикистон.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






