Паёми имрӯзу фардосози кишвар

Январь 28, 2015 10:38

Душанбе, 28.01.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дирӯз дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони «Паёми имрӯзу фардосози кишвар» бахшида ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон  ба  Маҷлиси Олӣ бо иштироки устодон ва донишҷӯён конфронси илмӣ-амалӣ доир гардид.
Тавре ки аз ДДХ иттилоъ доданд, дар конфронс ректори донишгоҳи мазкур Анвар Мақсудов иттилоъ дод, ки  Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбатии худро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуда, зимни он вазъи кунунии ҷомеаи Тоҷикистонро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд ва самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии давлатро барои соли 2015 ва давраи миёнамуҳлати оянда муайян намуданд. Дар оғози Паём Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон аз масъулияти ҳифзи истиқлолият, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таҳкими минбаъдаи пояҳои давлатдорӣ, таъмини амнияту оромии давлату ҷомеа ва ободиву пешрафти кишвар ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки: “ҳар яки мо вазифадорем тамоми азму ирода ва неруву имкониятҳои худро барои хизмат ба халқу Ватани маҳбубамон ва минбаъд низ сазовор будан ба эътимоди мардуми кишвар сафарбар намоем”. Зикр гардид, ки танҳо дар 5 соли охир музди кори кормандони соҳаҳои буҷетӣ, аз ҷумла илму маориф, тандурустиву фарҳанг, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз дуюним то се баробар зиёд карда шуд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки имсол низ аз якуми сентябр музди кори кормандони мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш ва тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ аз 15 то 25 фоиз зиёд  мешавад. Ғайр аз ин, ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синн ва нафақаи заминавӣ, инчунин нафақаҳои кории шаҳрвандон ба ҳисоби миёна то 20 фоиз, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 30 фоиз ва музди кори ҳадди ақал 60 фоиз зиёд гардида, андозаи он аз 250 сомонӣ то ба 400 сомонӣ расонда мешавад. Қисми суғуртавии нафақаҳои суғуртавӣ низ индексатсия  мешавад.

Январь 28, 2015 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид