Пешбинии беш аз 2 млрд сомонии буҷет барои соҳаи маориф
Душанбе, 26.01.2015. (АМИТ Ховар, Ситораи Боймурод).- Ба иттилои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015 буҷети соҳаи маориф дар соли 2015 дар ҳаҷми 2 млрд. 912,6 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки ин нисбат ба соли 2014 қариб 400 млн. (395,7) сомонӣ ё ин ки 15,7% зиёд мебошад. Маблағи мазкур 18,6% буҷети давлатиро ташкил дода, ба 5,5 фоизи маҷмўи маҳсулоти дохилӣ баробар аст.
Аз ҳаҷми умумии маблағҳои пешбинишудаи соҳаи маориф барои соли 2015 2 млрд. 461 млн. сомониро маблағҳои буҷетӣ, 308,2 млн. сомониро маблағҳои махсуси муассисаҳои таълимӣ, 83,8 млн. сомониро маблағҳои грантӣ ва 69,6 млн. сомониро маблағҳои қарзӣ ташкил медиҳанд. Дар баробари ин, дар доираи буҷети пешбинишуда баландшавии музди меҳнати кормандони соҳаи маориф (118 млн. сомонӣ) ба инобат гирифта шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






