Пешгӯии Бонки умумиҷаҳонӣ
Душанбе, 15.01.2015. (АМИТ «Ховар», Марҳабои Азамат).- Соли 2014 суръати рушди иқтисодӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баробари 1,5 фоиз коҳиш ёфт, ки сабаби он асосан хеле кам шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар Украина буд. Дар Русия рух додани чунин ҳодиса ба бахши тиҷорат ва интиқоли маблағҳо таъсири манфӣ расонид.
Дар гузориши гурӯҳи созмонҳои Бонки умумиҷаҳонӣ дар ин бора хабар дода мешавад. Ба гуфтаи коршиносони Бонки умумиҷаҳонӣ, «дар нимаи аввали соли 2014 ҳаҷми судури маҳсулот аз Қазоқистон ба Русия нисбат ба соли 2013 беш аз 10 фоиз ва аз Ӯзбекистон ба ин кишвар қариб 20 фоиз коҳиш ёфт. Кам шудани ҳаҷми интиқоли маблағ дар нимаи аввали соли 2014 ба кишварҳои дигар низ таъсири ҷиддӣ расонид».
«Ин раванд ба Тоҷикистону Қирғизистон, ки дар онҳо интиқоли маблағ аз Русия таносубан 46 ва 29 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад, зарари зиёд овард», — гуфта мешавад дар гузориши Бонки умумиҷаҳонӣ.
Тибқи пешгӯии Бонки умумиҷаҳонӣ, «баъди дар соли 2014 суст гардидани суръати рушди иқтисодиёт, тайи солҳои 2015 — 2017 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар минтақа баробари 3,5 фоиз афзоиш хоҳад ёфт».








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






