Пешгирии қочоқи шираи камол
Душанбе, 7.01.2015.(АМИТ «Ховар»).-Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти гумрукӣ аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон амали интиқоли ғайриқонунии миқдори махсусан калони тухмӣ ва шираи камол ошкор ва пешгирӣ шуд.
Тавре ки аз Хадамоти гумрук иттилоъ доданд, дар дидбонгоҳи гумрукии «Кокул»-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон ҳангоми азназаргузаронии гумрукии мошини тамғаи «Камаз», рақами давлатиаш 76-21 АА01 аз бордонаш дар халтаҳои ҳаҷмашон гуногун ба миқдори 1294 кг тухми гиёҳи камол ва дар 257 адад зарфи пластикии гуногунҳаҷм ба миқдори умумии 5 574кг 830 грамм шираи камол ошкор шуд. Халтаҳои пур аз тухми гиёҳи камол устокорона аз болои шираи камол пӯшонида шуда, қочоқгарон мехостанд бо ин амал пинҳонӣ аз назари гумрукчиён маводи мазкурро ба Давлати Исломии Афғонистон интиқол диҳанд. Баъд аз гузаронидани таҳлилу санҷишҳо маълум гардид, ки маводи боздошгардида ба сокини шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кӯчаи Маяковский Содиқов Рустам Ғаффорович тааллуқ доранд.
Номбурда маводи мазкурро аз кӯҳу саҳро ва талу теппаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъоварӣ намуда, бо ин амалаш ба табиати зебои кишвар зарари калон ворид намуда, бар замми ин мехост миқдори калони ҳосили ҷамъовардашударо аз тариқи пинҳонӣ ба Давлати Исломии Афғонистон интиқол дода, аз ин ҳисоб даромади муфт ба даст биёрад.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, барои идомаи тафтиш ба Прокуратураи ноҳияи Фархор ирсол гардид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






