Полки комендантӣ ва саҳми назарраси он

Январь 5, 2015 11:02

Душанбе, 05.01.2015 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Соли 2014 барои Полки комендантии Вазорати мудофиа  соли бобарор ва пур аз навгониҳо буд. Ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ, зимни натиҷагирӣ аз дастовардҳои соли гузашта зикр шуд, ки ҳайати шахсии полки мазкур дар чандин чорабиниҳои сатҳи ҷумҳриявӣ ва дохили Вазорати мудофиа ширкати фаълона карда, вазифаҳои соҳавии хешро дар сатҳи баланд иҷро намуданд. Илова бар ин, зикр гардид, ки ҳайати шахсии полк, вазифаҳои он қабулу гусели меҳмонони олиқадр, ки бо сафарҳои расмӣ ба Тоҷикистон меоянд, дар пешвози роҳбарони чандин кишвари ба мо дӯст саҳмгузорӣ намудаанд.
Ба зами ин, нигоҳ доштани тартибот дар самти пӯшидани либоси низомӣ аз ҷониби хизматчиёни ҳарбӣ, тақвият бахшидани фаъолияти Оркестри ҳарбӣ-нафасӣ ва иҷрои дигар вазифаҳои ҷангӣ аз корҳое мебошанд, ки дар соли равон дар сатҳи зарурӣ амалӣ шудаанд.
Дар охири ҷамъомад афсарону сарбозони взводу ротаҳои беҳтарини Полки мазкур аз ҷониби масъули қисми низомии мазкур бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд. Қобили зикр аст, ки Полки комендантии Вазорати мудофиа, соли 1993 дар заминаи Комендатураи ҳарбӣ таъсис ёфта, дар миёни дигар ҷузъу томҳои навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ аз қисмҳои низомии намунавӣ ба ҳисоб меравад. Дар ҳайати Полки мазкур аксаран афсарони дорои маълумоти олӣ хизмат намуда, уҳдадориҳои худро сари вақт ва бо сифати баланд иҷро менамоянд ва доим аз ҷониби ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиа сазовори баҳои аъло мегарданд.

Январь 5, 2015 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!