Президент: «Малакаи касбии кормандони ҳифзи ҳуқуқ баланд бардошта шавад»
Душанбе, 24.01.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- «Ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ ва пойдории суботи сиёсии ҷомеа мо ҳама бояд муттаҳид бошем ва ба фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ ҳамаҷониба мусоидат намоем»,- гуфт Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон дирӯз, 23 январ зимни пешниҳоди Паёми солонаи хеш ба Парлумони кишвар.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин зикр намуд, ки ҷиҳати пешгирии паҳн намудани намудҳои нави воситаҳои нашъадор, такмили усулҳои мубориза дар ин самт, тарзи офиятбахшии шахсони гирифтори бемории нашъамандӣ, таҳкими ташаккули афкори ҷомеа бар зидди воситаҳои нашъадор ва умуман пурзӯр намудани мубориза бар зидди ин хатари марговар ба мақсад мувофиқ аст, ки қонунгузорӣ дар соҳаи назорат ва мубориза бо муомилоти ғайриқонунии чунин воситаҳо бо назардошти таҷрибаи кишварҳои пешрафта ва талаботи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ таҷдиди назар карда шавад.
Ҳамзамон бо ин, ҳамкориҳои байналмилалӣ, махсусан бо кишвари ҳамсоя — Афғонистон дар самти таъмини амният дар хатти сарҳади миёни ду давлат ва мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор густариш дода шавад.
Дар баробари ин, тарбияи кадрҳои худшиносу ватандӯст, дорои масъулият ва малакаи баланди касбӣ, соҳиби донишу таҷриба ва ҷаҳонбинии муосир, фидокор ва содиқ ба Ватану миллат, ҳушёру зирак, муборизи роҳи ҳақиқату адолат вазифаи муҳимтарини Ҳукумат ва роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои низомии кишвар ва умуман Қувваҳои Мусаллаҳ мебошад.
Ба ин мақсад бояд сатҳу сифати таълим ва корҳои тарбиявӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вазоратҳои корҳои дохилӣ, мудофиа, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва дигар сохтору мақомоти низомӣ, инчунин тайёрии касбии кормандони мақомоти мазкур бояд бо назардошти талаботи замони муосир ва вазъи ҷаҳони имрӯза баланд бардошта шавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 44 дараҷа гарм мешавад
20 июл дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
ДАР МАСИРИ ИЛМУ МАЪРИФАТ. Эҳдо ба рӯзи таъсисёбии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар корхонаҳои саноатии ноҳияи Шоҳмансур ба маблағи беш аз 600 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад






