Президент: «Музди меҳнат аз 15 то 25 фоиз зиёд карда мешавад»
Душанбе, 23.01.2015. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). –Ттанҳо дар 7 соли охир даромади буҷети давлатии Тоҷикистон беш аз 4 баробар афзоиш ёфта, пешбинӣ мегардад, ки ҳаҷми он соли 2015 ба 15,3 миллиард сомонӣ расонида мешавад. Дар ин бора имрӯз Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хуб ба Маҷлиси Олии кишвар изҳор дошт.
Президент илова намуд, ки вобаста ба ин, ба маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ диққати махсус дода шуда, имсол танҳо ба ин мақсад қариб 8 миллиард сомонӣ равона карда мешавад, ки ин рақам зиёда аз 50 фоизи хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад.
Инчунин ба мақсади таъмини уҳдадориҳои иҷтимоии давлат, аз ҷумла пардохти музди меҳнат, нафақа, ҷубронпулӣ ва кумакпулиҳо дар соли 2015 аз ҳисоби буҷети давлат зиёда аз 6 миллиард сомонӣ равона мегардад.
«Ба Ҳукумати мамлакат муяссар гардид, ки танҳо дар 5 соли охир музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, аз ҷумла илму маориф, тандурустиву фарҳанг, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро аз дуюним то се баробар зиёд намояд», — муътакид аст Сарвари Давлат.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дод, ки бо дарназардошти рушди иқтисодиёти мамлакат ва имкониятҳои имрӯзаи молиявӣ аз 1-уми сентябри соли равон марҳалаи навбатии зиёдшавии музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ амалӣ карда мешавад. Аз ҷумла музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 15 фоиз, кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва олӣ, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, илм, фарҳанг, варзиш ва тандурустӣ 20 фоиз, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, аз ҷумла хона – интернатҳо барои пиронсолону маъюбон, шуъбаҳои кумаки иҷтимоӣ дар хона ва истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо барои собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, меҳнат ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда 25 фоиз зиёд карда мешавад.
Ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон ба ҳисоби миёна то 20 фоиз зиёд карда мешаванд.
Дар баробари ин, стипендияи донишҷуён ва дигар намудҳои стипендия 30 фоиз, инчунин музди меҳнати ҳадди ақал 60 фоиз зиёд гардида, андозаи он аз 250 сомонӣ то ба 400 сомонӣ баробар мегардад.








Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд






