Протоколи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Австрия тасдиқ шуд

Январь 7, 2015 17:41

Душанбе, 07.01.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Протоколи Конвенсия байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя аз 7 июни соли 2011 тасдиқ шуд.
    Муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷонмамадова Меҳринамо ва ва вакили Маҷлиси намояндагон Сирочов Шарофиддин роҷеъ ба масъалаҳои мазкур суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки Протоколи мазкур бо мақсади фароҳам овардани имкониятҳои васеътар барои табодули иттилоот байни мақомотҳои андозии тарафайн ба имзо расонида шудааст. 
     Даровардани тағйирот ба Протокол ибораи «маълумоти муфассал оид ба» имконият медиҳад, ки нофаҳмиҳо байни Конвенсия ва модели (OECD) вуҷуд дошт аз байн бардошта шавад. Ин ба мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият медиҳад, ки ба ҷониби ҳамкасбони Австрягӣ муроҷиат намуда, ахбороти муфассалро оиди андозсупорандагон — шаҳрвандони Тоҷикистон талаб намояд. 
     Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагон ҳамчунин Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ККН-Регар» дар бораи сохтмон ва ба истифода додани корхонаи коркарди нафт дар минтақаи саноатии шаҳри Турсунзода аз чониби вакилони Мачлиси намояндагон ба тасвиб расонида шуд. 
     Муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Лочин ва вакили Маҷлиси намояндагон Ҷаборов Домулоҷон рочеъ ба тасвиб расонидани Созишномаи мазкур баромад намуда, иброз намуданд, ки тибқи Созишномаи мазкур ҶДММ «ККН-Регар» ба нақша гирифтааст, ки корхонаи коркарди нафтро бунёд намояд. Бо татбиқи лоиҳаи сармоягузории мазкур ҶДММ «ККН-Регар» истеҳсоли маҳсулоти баландсифати нафтии бензин А, АИ — 92, 95, сӯзишвории дизелии навъи Л-0.2-62 (ЕВРО- 4) ва мазутро дар минтақаи саноатии шаҳри Турсунзода ба роҳ мемонад. 
     Дар марҳилаи аввали татбиқи Лоиҳа иқтидори истеҳсолии корхонаи бунёдшаванда коркарди 150 ҳазор тонна нафтро дар бар гирифта, дар марҳилаи дуюм истеҳсоли коркарди нафт ба 300 ҳазор тонна расонида мешавад. Дар ду соли аввали баъди мавриди истифода қарор додани корхона, бо назардошти ба истифода додани сехи истеҳсоли қубурҳо аз маҳсулоти нафтӣ ва нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ зиёда аз 220 ҷойи кории доимӣ ташкил карда мешавад. 
     Ҳаҷми умумии сармоягузории лоиҳа 21 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ҳамчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» пас аз суханрониҳои вакилони Маҷлиси намояндагон Хонов Абдураҳмон, Сабоҳат Муқимова ва муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷинисо Маҳмадова якдилона қабул гардид. 
     Зикр шуд, ки Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ва кафолатҳои давлатии амалишавии онҳоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. 
     Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳмурод Рустам ва раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Ватанов Маҳмадалӣ зимни шарҳу тавзеҳи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» иброз доштанд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурнии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» дар асоси Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2009, аз 25 апрели соли 2010 ва ҷиҳати иҷрои банди 14 Барномаи ислоҳоти судӣ- ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2011 тасдиқ шудааст, бо мақсади такмили қонунгузории соҳаи адвокатура аз тарафи гурӯҳи байниидоравии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод карда шудааст. 
     Дар лоиҳаи Қонуни мазкур ташкили мақомоти ягона –Иттифоқи адвакатҳо ва сохторҳои минтақавии он, таъсиси Феҳристи ягонаи адвакатҳо ва соҳиб шудан ба мақоми адвакатӣ ба воситаи Комиссияи тахассусии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии тоҷикистон ва дигар масъалаҳои фаъолияти адвокатӣ паешбинӣ гардидааст. 
     Масъалаи панҷуми рӯзнома -лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият»-ро вакили мардумй Нозимов Махмадшариф баррасй намуд. 
     Мавсуф иброз намуд, ки ҳадаф аз таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади тағйири низоми амалкунанда вобаста ба фаъолияти адвокатҳои ваколатдор бо назардошти лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» таҳия ва пешниҳод карда шудааст.
     Роҷеъ ба масъалаи ниҳоии рӯзномаи иҷлосия дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафт ва газ» дар назди ҳозирин вакилони Маҷлиси намояндагон Талбаков Исмоил, Шабдолов Шодӣ ва Садуллоев Ҳабибулло баромад намуданд. 
     Онҳо таъкид намуданд, ки гурӯҳи корӣ лоиҳаи Қонуни мазкурро бо назардошти хулосаҳои алоҳидаи аъзоёни Гурӯҳи корӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираҳои обӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори КВД «нафт ва газ» мавриди баррасӣ қарор дода, ҳамаи 86 таклифҳои пешниҳодшударо қобили қабул дониста ба лоиҳа ворид намудани онҳоро зарур шумориданд. 
     Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафт ва газ» бо назардошти хулосаи гурӯҳи корӣ дар 7 боб ва 21 модда такмил дода шуд. Боби 1 масъалаҳои муқаррароти умуми ва моддаҳои 1, 2 ва 3 мафҳумҳои асосӣ, Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва доираи амали Қонуни мазкурро ба танзим медарорад. Муқаррароти боби 2 ва моддаҳои 4, 5, 6 ва 7 бошад ба масъалаҳои танзими давлатӣ дар соҳаи нафт ва газ, ҳуқуқ ба молу мулк, салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ, тартиб, шартҳо, мӯҳлати иҷро ва ҳудуди шартномавӣ бахшида шудааст. 
     Намояндагони мардумӣ ҳамаи масъалаҳои ба рӯзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум ворид гардидаро якдилона қабул карданд.
 

Январь 7, 2015 17:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомӣ дар вилояти Суғд Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
«КОРВОНИ ДИДОР». Бахшида ба рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ бо дастгоҳи муосири ташхиси рентгении рақамӣ (Digital x-ray) таъмин гардид
Таҳаввулоти рақамӣ: чӣ тавр технологияҳои рақамӣ ҳаётро тағйир медиҳанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«БА ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватӣ баргузор мегардад
«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН». Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров даври ноҳиявии ин озмун баргузор гардид
Имрӯз дар баъзе аз ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барфу борон дар назар аст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Дар ноҳияи Муъминобод 168 километр роҳи мошингард таъмир гардид
«Oila TV» – шабакаҳои телевизионӣ мувофиқи ҳар табъу завқ
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст