Путин қонуни навро имзо кард

Январь 6, 2015 16:50

Душанбе,  06.01.2015. (АМИТ «Ховар»,  Лайло  Тоирӣ).- Мувофиқи  маълмоти Хадамоти  муҳоҷирати  Вазорати  меҳнат,  муҳоҷират  ва  шуғли  аҳолии  Тоҷикистон,  Президенти  ФР Владимир  Путин қонуни  навро  имзо  намуд. Қонуни  мазкур  тайи  10  сол  ба  Русия  омадани муҳоҷиронеро, ки  хилофи   қонун  беш  аз  як  сол  дар  қаламрави  ФР сукунат  доштанд, манъ  мекунад. 
Дар  сомонаи  расмии  байналмилалии  Русия  дар  ин  бора  хабар  дода  мешавад.
«Акнун ба  Русия   омадани онҳое, ки   мӯҳлати  будубошашон  аз  270 рӯз  бештар  шудааст,  барои  10  сол  қатъ  карда  мешавад.  Қонуни  мазкур  аз  12  январи  соли  2015  ба  мавқеи  иҷро  мерасад. Қаблан  роҳбари Хадамоти  федералии муҳоҷирати ФР Константин  Ромодановский  изҳор  дошта буд, ки муддати  ба  Русия  сафар  кардани  хориҷиён  барои  10  сол  манъ  карда  мешавад»,  —  хабар  медиҳад  манбаъ.

Январь 6, 2015 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйиёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд