Рӯзномаҳои ВМКБ дар пойтахт чоп мешаванд
Душанбе, 26.01.2015. (АМИТ «Ховар», Файзи Мирҳасан).- Иттиҳодияи истеҳсолии матбааи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳолати басташавӣ қарор дошта, ҳоло аксарияти рӯзномаҳои ноҳиявию вилоятӣ дар шаҳри Душанбе чоп мешаванд. Ҳукуматдорони маҳаллӣ барои аз ин ҳолати ногувор баровардани ягона матбааи вилоят комиссияи махсус таъсис доданд, ки бояд роҳҳои ҳалли ин мушкилотро пайдо намояд.
Назар ба хулосаи комиссия, агар вақтҳои наздиктарин ба матбаа ёрӣ расонида нашавад, корхона комилан муфлис мешавад. Аз ин пеш Иттиҳодияи истеҳсолии матбааи вилоят яке аз корхонаҳои муваффақноктарин ба шумор рафта, дар он беш аз 100 нафар кор мекард. Бо мурури замон душвориҳои молиявӣ ба миён омада, имрӯз дар корхона фақат 12 нафар кор мекунад.
Ба гуфтаи муҳосиби корхона Тӯтӣ Гиёева, яке аз сабабҳои асосии ба миён омадани ин мушкилот соли 2005 харид шудани мошини нуқсондори чоп буд. Дар натиҷаи ин қарзи матбаа аз мақомоти андоз ва ширкати «Помирэнерҷӣ» афзуда, имрӯз он беш аз 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Аз ҷумлаи 10 рӯзнома, фақат дутои он дар матбуоти маҳаллӣ чоп мешавад. Ба гуфтаи сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Бадахшон», агар ягона матбааи вилоят муътадил кор мекард, ба яке аз корхонаҳои муваффақу сердаромад табдил меёфт, вале нуқсонҳои зикршуда онро ба ҳолати бӯхроновар расониданд.
Имрӯз рӯзномаи вилоятӣ дар шаҳри Душанбе чоп шуда, барои сари вақт дастраси хонандагон гардонидани он мушкилоти зиёде ба миён омадааст.
Роҳбарияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии иҷроия дар мактубаш унвонии Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ хоҳиш намуд, ки барои рафъи ин мушкилот 800 ҳазор сомонӣ ҷудо кунад. Матбааи вилоят, сарфи назар аз душвориҳо, рӯзномаи ноҳиявии «Шоҳдара», рӯзномаи донишгоҳи шаҳри Хоруғ ва варақаҳои баъзе муассисаҳои вилоятро чоп карда, маоши кормандонро аз ҳисоби ин медиҳад. Дар сурати минбаъд афзудани қарзҳо корхона метавонад фаъолияташро пурра қатъ намояд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






