Р.Холиқов: Ҳаҷми интиқол 14,7 фоиз коҳиш ёфт
Душанбе, 19.01.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- «Дар соли 2014 ҶСК «Тоҷик Эйр» 1730 парвози рафтуомад анҷом дод, ки нисбат ба соли 2013-278 парвоз камтар мебошад»,-гуфт директори генералии ҶСК «Тоҷик Эйр» Рустам Холиқов имрӯз зимни нишастӣ матбуотӣ.
Ҳиссаи ҶСК «Тоҷик Эйр» дар ҳаҷми умумии мусофиркашонии ҳавопаймоии ширкатҳои ватанӣ мисли соли 2013 -34,2 фоизро ташкил дод. Аз хизматрасониҳои ширкат дар соли гузашта 370 ҳазору 956 мусофир истифода намуд. Дар хатсайрҳои байналмилалӣ ширкат 350 ҳазор мусофирро интиқол додааст, ки нисбат ба нишондодҳои соли 2013- 2,0 фоиз зиёд мебошад.
«Дар хатсайрҳои дохилӣ ҳаҷми интиқолот 14,7 фоиз коҳиш ёфт. Ширкат дар ин муддат 20 ҳазору 954 нафар мусофирро таҳвил додааст»,- илова намуд Рустам Холиқов.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






