Р. Назарзода амалиёти “Кӯкнор-2014”-ро бобарор номид
Душанбе, 29.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).-«Дар соли 2014 бевосита аз тарафи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 154 ҷинояти вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ошкор шуда, зиёда аз 981 кг маводи нашъадор мусодира гардид, ки ин нисбат ба соли 2013 5% зиёд мебошад». Ин нуктаро дирӯз зимни нишасти матбуотӣ роҳбари агентӣ Рустам Назарзода иброз намуд.
Аз рӯи иттилои роҳбарияти ин ниҳод, дар ин давра инчунин 2 ҳодисаи муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовари синтетикӣ ва маводи психотропӣ ба қайд гирифта шуда, 3036 ҳаби синтетикии МДМА мусодира гардид, ки ин 65,6 % ҳабҳои синтетикии дар ҷумҳурӣ мусодирашударо ташкил медиҳад.
Р. Назарзода амалиёти “Кӯкнор-2014” низ бобарор номид. Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти “Кӯкнор-2014” аз тарафи кормандони ВКД, КДАМ, ХГ, АНМН аз муомилоти ғайриқонунӣ зиёда аз 2 т маводи нашъаовар, аз ҷумла 234 кг 793 гр. героин, 428 кг 797 гр. афюн ва 1 т 799 кг 047 гр. маводи нашъаовари гурӯҳи канабис мусодира гардид. Зимни амалиёт 193 ҳодисаи парвариши 1 млн 110 971 бех банги худрӯй дар масоҳати 3,7 га ошкор гардид, ки он бо роҳи сӯзонидан нобуд карда шуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






