Раиси нави «Тоҷикматлубот»
Душанбе, 16.01.2015. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — «Сироҷиддин Валиев бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи раиси Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» озод ва Ҳусейн Идиев ба ин вазифа таъйин гардид», — иттилоъ дод 16 январ дар нишасти матбуотӣ муовини раиси Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлуот» Гулнора Кокова.
Ёдовар мешавем, ки Идиев Ҳусейн Сафаралиевич 4 октябри соли 1964 таваллуд шуда, Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм кардааст.
Ӯ фаъолияти меҳнатиашро соли 1985 оғоз карда, то соли 1999 дар вазифаҳои гуногун дар Трест «Кулябводстрой», корхонаҳои бахши комуналӣ ва ҶСК «Нафтрасон» фаъолият кардааст. Аз 1999 то соли 2003 роҳбарии шӯъбаҳо ва департаментҳои гуногуни ҶСК «Ориёнбонк»-ро бар дӯш дошт. Аз соли 2003 то соли 2004 муовини раиси «Ориёнбонк», аз соли 2004 то соли 2007 директори филиали «Ориёнбонк» дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва солҳои 2007-2012 директори филиали «Ориёнбонк» дар вилояти Суғд кор кардааст.
Ҳусейн Идиев бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2012 то ин дам дар мақоми директори Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошт.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






