Раванди таълим тибқи таҳсили фосилавӣ дар ДДХ
Душанбе, 27.01.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). -«Мо нақша дорем, ки барои он донишҷӯёне, ки дар Русия фаъолият доранд, тибқи таҳсили фосилавӣ раванди таълимро ба роҳ монем. Ва ин нақша шояд аз моҳи сентябри соли ҷорӣ амалӣ гардад»,-иттилоъ дод ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Анвар Мақсудов зимни нишасти матбуотӣ дар назди хабарнигорон.
Дар мавриди таълим дар шуъбаи ғоибона чӣ гуна ҷараён дорад, оё то ҳол нафароне ҳастанд, ки ҳам дар Русия фаъолият мекунанду ҳам дар донишгоҳ таҳсил, Анвар Мақсудов иброз намуд: «Имрӯз вазъият тамоман дигар аст ва тамоми донишҷӯёни ғоибхон ба таҳсил ҷалб шуда, аз болои онҳо назорати ҷиддӣ бурда истодаем. Имрӯз донишҷӯи ғоибхон бо шиносномаи худ ба имтиҳон ворид шуда истодааст. Бидуни шиноснома мо ягон нафарро қабул накардем. Дар як муддати кӯтоҳ аллакай миқдори муайяни донишҷӯён аз донишгоҳ хориҷ шудаанд. Яъне, ҳамонҳое, ки бидуни сабабҳои урзнок ба дарсҳо ҳозир нашудаанд».
Анвар Мақсудов ҳамчунин илова намуд, ки мафкураи ҷавононро аз таълим ҷудо намудан нодуруст аст. Таълим чӣ қадар пурқувват бошад, сифати тарбия беҳ мешавад ва вазифаи аввалиндараҷаи мо, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сифати таълим аст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






