Рим: 83% корманди полис ба кор ҳозир нашуд
Душанбе,05.01.2015. (АМИТ «Ховар». Иброҳими Ҳабибуллоҳ).- Мувофиқи иттилои шабакаи интернетии Би-Би-Си 31-уми декабр 83 дарсади кормандони полиси шаҳри Рим ба ҷойи кор ҳозир нашуд. Сарвазири Италия Матео Ренси дар сомонаи интернетии худ изҳор дошт, ки айбдорони ин ҳодиса ба ҷавобгарӣ кашида шуда, кодекси меҳнат пӯрзур карда мешавад. Бояд зикр намуд, ки шаби соли нав новобаста аз ба кор набаромадани кормандони полис дар шаҳри Рим ягон ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта нашудааст.
Душанбе,05.01.2015. (АМИТ «Ховар»).-Шаби гузашта аъзои гурӯҳи ифротии «Боко Ҳарам» ба пойгоҳи низомӣ, воқеъ дар қисми шимолии Нигерия ҳамла карда, онро зери тасарруфи худ дароварданд. Ҷангиёни гурӯҳи «Боко Ҳарам» бар асари ҳамлаҳои мудҳиш ва харобиовари худ дар минтақаҳои шимолу шарқии Нигерия, Камерун ва Чад хеле фаъол гардида, садҳо нафарро ба ҳалокат расонида, ҳазорҳо нафари дигарро бесарпаноҳ мондаанд.
Душанбе,05.01.2015. (АМИТ «Ховар»).-Субҳи имрӯз киштии мусофирбар аз бандари шаҳри Саутгемптони Британияи Кабир ба сафар баромада, ба садама дучор омад. Кормандони хадамоти наздисоҳилӣ оҷилан ба мавзеи ҳодиса ҳозир шуда, 25 тан мусофири киштиро наҷот доданд. Барои муайян намудани ҳодисаи мазкур мутахассисон ташвиқот мебаранд.
Душанбе,05.01.2015. (АМИТ «Ховар»).-Мувофиқи иттилои шабакаи интернетии Ассошиэйтед пресс Теҳрон ва Вашингтон ба таври муваққат тавофуқ кардаанд, ки Эрон бахши зиёди ураниюми ғанишудаи худро, ки метавонад барои сохтани силоҳи ҳастаӣ истифода шаванд, ба Русия интиқол диҳад. Гуфта мешавад, ки ин бори аввал нест, ки ураниюми ғанишуда ба Русия интиқол мешавад. Даври баъдии музокироти миёни тарафҳо дар 15 январи соли равон дар сатҳи муовинони вазирони умури хориҷӣ сурат хоҳад гирифт.
Душанбе,05.01.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз дар ҷангалзори шаҳри Аделаиди Австралия сӯхтори шадид ба амал омад. Сӯхтор ба минтақаҳои аҳолинишин доман паҳн намуда, беш аз 30 бинои истиқоматӣ ва 11 гектар бешазорро ба коми худ фурӯ бурдааст. Барои хомӯш кардани сӯхтор ва пешгирӣ кардани он зиёда аз 800 нафар корманди хадамоти оташнишонӣ бо истифода аз воситаҳои техникӣ тайёраю чархболҳо фаъолият доранд.








Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст
Дар шаҳри Турсунзода байни духтарон эстафетаи футбол, машқҳои шавқовар ва озмунҳои гуногун доир карда шуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бо натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ дар вилояти Суғд шинос мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ оид ба риояи талаботи бехатарии саноатӣ машварат доир намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияҳои Панҷ, Фархор ва Ҳамадонӣ раванди корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ пурзӯр карда мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон оид ба пешгирии талафот ва истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе рӯзона ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад






