Роғун: «Андози иҷтимоӣ- 40 млн. сомонӣ»

Январь 13, 2015 09:47

Душанбе, 13.01.2015. (АМИТ «Ховар», Покизаи Шодмон). — Дар соли 2014 буҷети маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун, ки қисми даромадаш мутобиқи нақша 34 млн. 201,5 ҳазор сомониро ташкил медод, ба маблағи 40 млн. 714,1 ҳазор сомонӣ ҷамъоварӣ  шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 ба маблағи 20 млн. 777,3 ҳазор сомонӣ зиёд аст,-гуфт ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Шариф Шарифзода, раиси шаҳри Роғун. 
Маврид ба зикр аст, ки асоси иҷро ва ғанигардонии буҷет- ин   ҷамъоварии андоз ва мавриди андозбандӣ қарор додани субъектҳои хоҷагидорӣ ба шумор меравад. Тибқи нақшаи тасдиқшуда ҳамаи намудҳои андозу даромадҳо, бо назардошти андози иҷтимоӣ 97 млн. 252 ҳазор сомонӣ ҷамъоварӣ шуд, ки ин нишондод 103% -и фоизи иҷрои нақшаи соли 2014 ташкил медиҳад ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 ба маблағи 45, 7 млн. сомонӣ зиёд аст.  
Андози иҷтимоӣ дар ин давра зиёда аз 40 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба нақша 1,8 млн. зиёд мебошад.  
Бақияпулиҳои андоз бо назардошти пардохтҳои иҷтимоӣ то якуми январи соли равон 1,5 млн. сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 408,8 ҳазор сомонӣ кам ҳаст. Нозироти андоз дар соли 2014 нисбат ба андозсупорандагоне, ки уҳдадориҳои андозро дар муҳлатҳои муқарраршуда иҷро накардаанд, тибқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 109 нафар ба маблағи 73,8 ҳазор сомонӣ ҷаримаҳои маъмурӣ татбиқ шуданд.  
 
 

Январь 13, 2015 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад