Роҳҳои беҳтар кардани қарзгирӣ дар Тоҷикистон
Душанбе, 21.01.2015 (АМИТ «Ховар», Манижа Баҳромзода).- Тоҷикистон дар баробари 9 кишвари дигар, ба монанди Озарбойҷон, Ирландия ва Аморати Муттаҳидаи Араб ба гурӯҳи мамлакатҳое дохил мешавад, ки дар давраи аз соли 2013 то 2014 ҷиҳати беҳтаргардонии нишондиҳандаҳои дар гузориши «Фазои соҳибкорӣ» баррасишаванда ва натиҷаҳои беҳтарин комёб шудааст. Ин нукта имрӯз, 21 январ зимни як конфронси Бонки миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Гирифтани қарзҳо дар баҳодиҳии фазои соҳибкории Тоҷикистон соли 2016-омили беҳбудӣ ва шукуфоӣ» зикр шуд. Ба гуфтаи Муродалӣ Алимардон-муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз мушкилоте, ки имрӯз боиси нигаронии аҳли ҷомеа гаштааст, ин баланд будани фоизи қарз мебошад. «Гарчанде медонем, ки муайян намудани фоизи қарз озод аст, аммо имрӯз ин фоиз дар минтақа аз ҳама баланд арзёбӣ мешавад»,-иброз дошт мавсуф. Номбурда гуфт, дар ин самт бояд ниҳодҳои марбута корҳоро ҷиддӣ ба роҳ монанд. М. Алимардон инчунин иброз дошт, ки барои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ масъалаи бимакунонӣ, идораи корпоративӣ ва тайёркунии кадрҳо бояд ҳалли худро ёбад.
Додани иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон ба Бюрои якуми қарзию иттилоотии кишвар имкон дод, ки ҷиҳати ба роҳ мондани фаъолияти пурсамари он дар солҳои минбаъда мусоидат намояд. «Ба туфайли ин бюро ҳоло зиёда аз 700 ҳазор қарзгиранда ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 640 ҳазор нафар шахсони воқеӣ мебошанд»,-иттилоъ дод Абдуҷаббор Ширинов-раиси Бонки миллии Тоҷикистон зимни маърӯзаи худ. Ба гуфтаи мавсуф, феълан дар истифодаи Бюрои мазкур на танҳо бахши молиявӣ, балки ширкатҳои лизингӣ, суғурта, идораи хоҷагиҳои коммуналӣ, барқ, ширкатҳои алоқа, операторҳои мобилӣ, маълумотҳои судӣ ва дигар маълумотҳо бояд бошанд. «Дар ин ҳолат ташкилотҳои қарзӣ метавонанд дар бораи интизоми пардохти шаҳрвандон ва корхонаҳо, аз ҷумла дар бораи он шаҳрвандоне, ки умуман аз бонкҳо қарз нагирифтаанд, маълумот ба даст оранд»,- иброз дошт раиси Бонки миллии Тоҷикистон.
Конфронси «Гирифтани қарзҳо дар баҳодиҳии фазои соҳибкории Тоҷикистон соли 2016-омили беҳбудӣ ва шукуфоӣ» ба ду авлавият: низоми табодули иттилооти қарзӣ, гаравҳо ва сабти амволи манқул бахшида шудааст, ки онҳо сатҳи дастрасии маблағҳоро бо шахсони воқеӣ ва соҳибкории хурду миёна баланд мебардоранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






