Роҳбарияти ФФТ дар иҷлосияи КФО иштирок менамояд
Душанбе, 05.01.2015. (АМИТ «Ховар»).- Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар иҷлосияи Конфедератсияи футболи Осиё, ки 9 январ дар шаҳри Мелбурни Австралия баргузор мегардад, иштирок менамояд.
Тавре ки аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дар иҷлосия аз ҷониби Тоҷикистон ноиби аввали президенти ФФТ Тоҷикистон Хуршед Мирзоев, дабири кулли федератсия Ислом Маҳмадшоев ва ноиби аввали президенти Федератсияи футболи вилояти Суғд Хуршед Ҳақдодов иштирок менамоянд.
Намояндагони ФФТ ҳамчунин ба маросими ифтитоҳи Ҷоми Осиё — 2015 ва ба вохӯрии байни дастаҳои мунтахаби Австралия ва Кувейт, ки 9 январ дар варзишгоҳи шаҳри Мелбурн баргузор мегардад, даъват шудаанд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






