Сабади истеъмолӣ сатҳи зиндагиро муътадил нигоҳ медорад
Душанбе, 7.01.2015. (АМИТ «Ховар», Покизаи Шодмон). — Ҳадди ақали зиндагӣ арзиши сабади истеъмолӣ ва маблағи пардохти ҳатмӣ буда, барои гурӯҳҳои асосии иҷтимоию демографии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мешавад. Асосҳои ҳуқуқии муайян намудани ҳадди ақали зиндагӣ, баҳисобгирии он ҳангоми ба шаҳрвандон таъйин кардани кумакҳои давлатии иҷтимоӣ, инчунин кафолати давлатии гирифтани даромади ҳадди ақали пулиро дар мавриди татбиқи дигар тадбирҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Таркиби сабади истеъмолӣ аз маҷмӯи маҳсулоти озуқаворӣ, ғайриозуқаворӣ ва хизматрасонӣ иборат мебошад. Ба сабади истеъмолӣ гурӯҳи молу хизматрасониҳое ворид мешавад, ки барои зиндагии шахси алоҳида аз рӯи талаботи муҳимтарин зарур мебошад. Ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон ба маҳсулоти озуқаворӣ: нон, маҳсулоти нонӣ, ярмаҳо, лӯбиёгиҳо, картошка, сабзавот, маҳсулоти полезӣ, меваҳои тоза, қанд ва маҳсулоти қаннодӣ, гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, моҳӣ ва маҳсулоти моҳигӣ, шир ва маҳсулоти ширӣ, тухм, равғани растанӣ дохил мешавад.
Маҳсулоти ғайриозуқаворӣ барои истифодаи инфиродӣ: гурӯҳи болопӯш (палто,костюму куртаҳо), тагпӯш, маҳсулоти бофандагӣ, сарпӯшҳо ва маҳсулоти чарчинворӣ, пойафзол, лавозимоти мактабӣ. барои истифодаи умум:лавозимот барои рахти хоб, молҳои зарурии аввалиндараҷа, санитарию доруворӣ, молҳои таъйиноти фарҳангию маишӣ ва хоҷагӣ дохил аст.
Ба хизматрасонӣ манзили зист, гармидиҳӣ, таъмини оби хунуку гарм ва обпарто, таъмини гази табиӣ, қувваи барқ, хизматрасонии нақлиёти мусофирбарии ҷамъиятӣ ва дигар намудҳои хизматрасонӣ дохил мешавад.
Сабади истеъмолии расман, дақиқ, саҳеҳ ва вобаста ба имкониятҳои иқтисодии мардум муайянгардида метавонад дар ҷараёни татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат талаботи ҳаётан муҳими инсонро аз рӯи меъёри даромадҳо қонеъ гардонида, сатҳи зиндагии шаҳрвандонро муътадил нигоҳ дорад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






