Сафари Қ.Қоимдодов ба Рига
Душанбе, 26.01.2015. (АМИТ «Ховар»).- Сафари кории сафири Тоҷикистон дар Беларус Қозидавлат Қоимдодов дар Ҷумҳурии Латвия анҷом ёфт. Дипломати тоҷик бо даъвати ҷониби Латвия дар мубоҳисаҳо аз рӯи масоили сиёсати хориҷӣ дар Парлумони Латвия иштирок намуд.
Зимни мулоқот бо Президенти Латвия Андрис Берзинш масоили муносибатҳои Тоҷикистону Латвия мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Президенти Латвия аҳамияти ҳуҷҷатҳои имзошуда дар ҷараёни сафари расмиаш ба Тоҷикистон ва дар амал татбиқ шудани онҳоро ба таври махсус зикр дод.
Қ.Қоимдодов дар ҷараёни гуфтушунид бо Директори сиёсии Вазорати корҳои хориҷии Латвия Эдуардс Стипрайс, аз ҷумла, пешниҳод намуд, ки масъалаи дар асоси мутақобила таъйин кардани консулҳои фахрӣ бори дигар баррасӣ шавад. Дипломати Латвия изҳор дошт, ки дар ҳошияи раёсати Латвия дар Шӯрои Иттиҳоди Аврупо, ки ҳайати Тоҷикистон ҳам ба он даъват мешавад, бархе чорабиниҳои байналмилалӣ ба нақша гирифта шудааст.
Зимни мулоқот бо вазири маориф ва илми Латвия Марите Сейле ба масоили ташкили гурӯҳи муштараки корӣ барои татбиқи Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм, тарбияи кадрҳо, сафари донишҷӯёну мутахассион ба кишварҳои якдигар таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.
Алҳол дар донишкадаҳои олии Латвия беш аз 20 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон таҳсил доранд, ки сафир дар бинои Донишгоҳи техникии Рига бо онҳо мулоқот анҷом дод.
Зимни мулоқот бо вазири кишоварзии Латвия Янис Дуклавс ва муовини муншии давлатии Вазорати роҳҳои кишвар Улдис Рейманис масоили кишоварзӣ ва тақвият бахшидани боркашонӣ тавассути роҳҳои Латвия мавриди муҳокима қарор гирифт.
Дар анҷоми сафари кории сафир бо роҳбари гурӯҳи мусиқии «Барака»- и шаҳри Рига Дмитрий Евсиков мулоқот анҷом дода шуд. Мавсуф ба тарғиби композитсияҳои Муборакшо Мирзошоев, Наргис Бандишоева, гурӯҳи «Шамс» ва бисёр мутрибону сарояндагони дигари машҳури тоҷик дар Аврупо машғул аст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






