Сафари Б. Обама ба Арабистони Саудӣ

Январь 26, 2015 12:14

     Душанбе,26.01.2015. (АМИТ «Ховар».-Иброҳими Ҳабибуллоҳ).-  Тавре ки сухангӯи Кохи Сафеди Амрико Ҷош Эрнест мегӯяд, Президенти Амрико Барак Обама ва ҳамсари ӯ Мишел Обама рӯзи сешанбе 27-уми январи соли 2015  барои мулоқот ва таъзия бо шоҳи нави  Арабистони Саудӣ Салмон бин Абдулазиз ба Риёз мераванд.
 Лозим ба ёдоварист, ки Президенти Амрико рӯзи якшанбе ба Ҳиндустон сафар намуда, бо нахуствазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ дидор ва гуфтугӯ карда, баъдан дар маросими ҷашни 65-умин  солгарди Рӯзи ҷумҳурӣ  ширкат намуд. 
        Душанбе, 26.01.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз вазири умури хориҷии АмрикоҶон Керрӣ дар як нишасти иқтисодӣ дар Давоси Швейтсария ба хабарнигорони дохил ва хориҷи кишвар  барои  рӯ задани ихтилофҳои мазҳабӣ ва исломҳаросӣ ҳушдор дод ва хостори ҷудо кардани маблағи бештар барои мубориза бо ифротгароӣ шуд. Гуфта мешавад, ки ҷанде қабл Президенти ин кишвар  Франсуа Олланд,  ки кишвараш ба тозагӣ ҳаводиси террористиро аз сар гузарондааст, барои мубориза бо терроризм ва ҳамчунин дар муқобили пулшӯӣ ва қочоқи коло сахтгирии бештаре нишон дод. 
      Душанбе, 26.01.2015. (АМИТ «Ховар»).-Шаби гузашта тундравҳои Покистон  дар вилояти ҷанубу ғарби Балуҷистони Покистон  ба дастгоҳи калони интиқоли неруи барқ ҳамла намуда ва онро аз кор бароварданд. Гуфта мешавад, ки зиёда аз 80 фисади кишвар аз барқ маҳрум мондаанд. Мувофиқи  иттилои сухангӯи Вазорати обу барқи Покистон Зафарёб Хон- мақомоти зидахл ба зудӣ харобиро барқарор намуда ва интиқоли неруи барқро оғоз хоҳанд кард.

Январь 26, 2015 12:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!