Санҷиши 231 ташкилоту муассиса ҷиҳати номгузорӣ
Душанбе, 28.01.2015 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар нимсолаи аввали соли 2014 аз ҷониби гурӯҳҳои кории Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ дар ҳамкорӣ бо намояндагон аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии рекламаи берунӣ ва ороишии шаҳри Душанбе, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Сино, Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансур вазъи иҷрои Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии ҶТ» дар иртибот ба номгузорӣ ва лавҳаю овезаҳои 231 адад ташкилоту муассиса ва марказҳои хизматрасонии маишии ноҳияҳои пойтахт мавриди санҷиш қарор гирифт. Ин нуктаро имрӯз, 28 январ зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Гавҳар Шарофзода таъкид дошт.
Ба гуфтаи раиси кумита оид ба номгузорӣ ва маводи иттилоотии 231 муассиса, ки бар хилофи муқаррароти Қонуни ҶТ буданд, санадҳои огоҳӣ тартиб дода шуда, барои бартараф намудани камбудиҳо муҳлат дода шуд.
«Баъд аз пешниҳоди тавсияҳои кумита ном ва маводи иттилоотии 56 муассиса ба талаботи қонуни мазкур мутобиқ гардид»,-илова намуд Гавҳар Шарофзода.
Аз ҷониби мақомоти судӣ дар ин давра барои риоя нагардидани муқаррароти Қонуни ҶТ 23 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардид, ки аз ин шумора 19 адад нисбат ба 19 нафар бо баровардани қарор моҳиятан баррасӣ шуд ва нисбат ба онҳо ҷарима ба маблағи 81200 сомонӣ таъйин гардида, 4 адад парванда аз рӯи тобеият ирсол шудааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






