Сангпора хонаро вайрон кард
Душанбе, 12.01.2015. (АМИТ «Ховар», Файзи Мирҳасан).- Чанде пеш дар яке аз хонаҳои истиқоматии кӯчаи Имроншоеви шаҳраки Ҷоми шаҳри Хоруғ ҳодисаи фавқулодда рух дод. Сангпораи калони аз кӯҳ канда шуда, боми манзили Муяссар Маҳмадовро шикаста, ба дохили хона афтид.
Дере нагузашта кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба маҳалли воқеа омада, ба корҳои наҷотдиҳӣ шурӯъ карданд. Бар асари ин ҳодиса аз ҷумлаи 8 нафар аъзои оилаи Муяссар Маҳмадов касе осеб надид.
Мувофиқи маълумоти кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, зарари умумии ин ҳодиса 14 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






