Сарҳади давлатии Тоҷикистон муқаддас ва дахлнопазир аст

Январь 29, 2015 07:58

Душанбе, 29.01.2015 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Ҳамарӯза сарҳадбонони тоҷик фаъолияти худро баҳри оромию осудагӣ ва ҳифзи марзу буми кишвар бар зидди душманони миллат, қочоқчиёну вайронкунандагони сарҳади давлатӣ, ки мехоҳанд кишвари моро ноором созанд, равона намуда, мардонавор дар сарҳад мубориза мебаранд. 
Марзи тӯлонии Тоҷикистон бо Афғонистон, ки имрӯз яке аз кишварҳои тавлидкунандаи қочоқи маводи мухаддир дар минтақа мебошад, боиси он гардид, ки кишвари мо дар сари роҳи интиқоли маводи марговари аср қарор гирад. 
Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки шаби 24 ба 25 январи соли ҷорӣ 2 ҳодисаи ғайриқонунии вайрон намудани хати сарҳад ба қайд гирифта шуда, аз тарафи сарҳадбонони тоҷик ин қонунвайронкуниҳо пешгирӣ гардиданд.
Дар минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии «Фархор»-и отряди сарҳадии Ҳамадонӣ дар қитъаи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон наряди сарҳадбонони тоҷик бо як гурӯҳи номаълуми қочоқбарони афғон, ки сарҳади давлатии Тоҷикистонро дар хати асосии иншоотҳои муҳандисӣ убур менамуданд рӯ ба рӯ шуд. 
Зимни пешгириии вайронкунии сарҳад байни сарҳадбонони тоҷик ва вайронкунандагони сарҳад задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ пайваст, сарҳадбонони тоҷик муқовимат нишон дода, дар натиҷа қочоқбарон аз торикии шаб истифода бурда, тариқи ҷангалзор ақибнишинӣ намуда, ба тарафи соҳили Афғонистон гурехтанд.
Дар натиҷаи ҷустуҷӯ ва азназаргузаронии ҷои ҳодиса 2 ҷасади  шахсони номаълум дарёфт гардид. Баъди гузаронидани корҳои фаврӣ маълум гардид, ки онҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиров Хуршед Ҳабибулоевич, соли таваллудаш 1989, истиқоматкунандаи ҷамоати Дарқади ноҳияи Фархор ва Зубайдуллоев Маҳмадшариф Шералиевич, соли таваллуд 1992 буданд.
Дар айни ҳол дар ҷои ҳодиса тафтишот ва корҳои фаврӣ идома доранд.
Ҳамчунин шаби гузашта дар минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии 3-юми отряди сарҳадии «Панҷ» ҳангоми убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ 3 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дастгир  шуда,  шахсияташон муайян шуд. Онҳо Маҳмадаюб валади Маҳмадиброҳим, тахминан 20-23 сола, милллаташ ӯзбек, муҷаррад, зода ва истиқоматкунандаи Қарияи Қанҷиғай, улусволии Имомсоҳиб, корманди полиси дохилии шаҳри Имомсоҳиб, Амирмаҳмад валади Валимаҳмад, тахминан 19-20 сола, миллаташ ӯзбек, муҷаррад, зода ва истиқоматкунандаи Қарияи Қанҷиғай, улусволии Имомсоҳиб, шунавандаи Академияи сарҳадии шаҳри Кобул, Абдулаҳмад валади Шоназар, тахминан 22-24 сола, миллаташ ӯзбек, оиладор соҳиби як фарзанд, зода ва истиқоматкунандаи Қарияи Қанҷиғай, улусволии Имомсоҳиб, корманди полиси сарҳадии Қаяи Бутакшони улусволии Имомсоҳиб буданд. Ин нафарон айни замон дар маҳқаммаи муваққати ҷойгир шудаанд ва  тафтишот идома дорад.   
Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта, 18-уми январ дар яке аз дидбонгоҳҳои сарҳадии минтақаи таҳти назорати Отряди сарҳадии «Шӯрообод» қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирии воридшавии маводи мухаддир аз ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи сарҳадбонони қӯшунҳои сарҳадӣ амалиёти махсус гузаронида шуд. 
Мувофиқи маълумотҳои пешакӣ гурӯҳи қочоқбарони мусаллаҳ, ки шумораашон зиёда аз 10 нафарро ташкил медод, сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ғайриқонунӣ убур намуда, мехостанд миқдори калони маводи мухаддирро ба  Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид созанд.   
Ҳангоми амалӣ намудани чорабинӣ оид ба боздошти қочоқбарони афғон дар яке аз дидбонгоҳи сарҳадии минтақаи Отряди сарҳадии «Шӯрообод» байни сарҳадбонони тоҷик ва қочоқбарони афғон задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ пайваст. 
Дар натиҷаи ин задухӯрд 3 нафар қочоқчии афғон дар ҷои ҳодиса захмӣ гардида, гурӯҳи ҷиноятпеша ва қочоқбарон ба самти  Афғонистон фирор намуданд. 
Ҳангоми задухӯрди мусаллаҳона баҳри ҳифз ва ҳимояи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарҳадбони тоҷик сарбози қаторӣ Олимов Фаридун Қурбонмуродович ярадор гардид. Дар айни замон  Фаридун Олимов барои барқарор намудани саломатиаш дар госпитали ҳарбии қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ қарор дошта, таҳти назорати мутахассисони тиббии қӯшунҳои сарҳадӣ мебошад. 
Ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса аз қочоқбарони афғон 5 қаиқи резинӣ, зиёда аз 2 кг маводи сахттаъсири героин, яроқу аслиҳаи ҷангӣ дарёфт ва мусодира  шуд. 
Дар айни ҳол дар ҷои ҳодиса тафтишот ва корҳои фаврӣ идома доранд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Маркази матбуоти СҚС КДАМ ҶТ хабар доданд. 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Январь 29, 2015 07:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзии шаҳри Истаравшан шинос шуд
Беш аз 700 соҳибкори Бадахшон бо дастгоҳи назоратӣ-хазинавӣ таъмин мешавад
«ПАЁМ — РОҲНАМО БАРОИ ИҶРОИ ҲАДАФҲОИ ШОИСТА». Таҳти ин унвон ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор шуд
Дар мақомоти Ваколатдор бахшида ба 32-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир гардид
БӮЙИ БАҲОР МЕРАСАД. Тоҷикистониёнро дар ин фасл чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 17 дараҷа гарм мешавад
Дар қисми низомӣ дар вилояти Суғд Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ бо дастгоҳи муосири ташхиси рентгении рақамӣ (Digital x-ray) таъмин гардид
Таҳаввулоти рақамӣ: чӣ тавр технологияҳои рақамӣ ҳаётро тағйир медиҳанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«БА ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватӣ баргузор мегардад
«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН». Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров даври ноҳиявии ин озмун баргузор гардид