Саридораи геология: суръати афзоиши корҳо-112%
Душанбе, 06.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).- Саридораи геология мутобиқи «Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020», ки бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, фаъолиятро ба роҳ монда, дар объектҳои металҳои сиёҳ, металҳои ранга, металҳои қимматбаҳо, канданиҳои фоиданоки ғайриметалӣ, ашёи сангҳои худҷило ва ороишӣ, ашёи радиоактивӣ, гидрогеология, геологияи муҳандисӣ ва геоэкология, геофизикӣ, мавзӯй, объекти нигоҳдорӣ корҳои геологиро иҷро намудааст,-иброз дошт Ҷумъазод Мурод Хол, сардори Саридораи геологияи тоҷик имрӯз, 6 январ зимни ҳисоботи солонаи хеш ба хабарнигорон.
Ба гуфтаи мавсуф, Саридораи геология дар соли 2014 аз ҳисоби буҷети давлатӣ аз рӯи 31 лоиҳа ба маблағи беш аз 9 млн сомонӣ, аз ҳисоби шартномаҳо аз рӯи 160 лоиҳа дар ҳаҷми беш аз 12 млн сомонӣ, аз ҳисоби корҳои пудратӣ ба маблағи беш аз 17 ҳазор сомонӣ ва дар маҷмӯъ бо усули хоҷагидорӣ ба маблағи 21 млн сомонӣ, ё худ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи беш аз 2 млн сомонӣ зиёд корҳоро анҷом дода, суръати афзоишро ба 112 дарсад расонидааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






