Сарвазири Ҷопон: асиронро раҳо мекунем!
Душанбе,21.01.2015. (АМИТ «Ховар».-Иброҳими Ҳабибуллоҳ).- Дирӯз Сарвазири Ҷопон Шинзо Абе дар як нишасти хабарӣ ба хабарнигорони дохил ва хориҷи кишвар гузориш дод, ки Ҷопон барои таъмини раҳоии ду асири созмони «Давлати исломӣ» тамоми корро хоҳад кард. Гуфта мешавад. ки «ҳаёти ин ду нафар дар вазъияти ногувор қарор дорад. Ҷангиёни“Давлати исломӣ” бар ивази раҳоии ду гаравгони ҷопонӣ аз Ҳукумати Ҷопон 200 миллион доллар хостаанд.
Душанбе,21.01.2015. (АМИТ «Ховар»).-Мувофиқи иттилои шабакаи интернетии Рашн-Ту- Дей Президенти Амрико Барак Обама дирӯз дар паёми солонааш эълон кард, ки солҳои ҷанг ва пасрафти иқтисодӣ “сояи бӯҳрон пушти сар шуд ва вазъи кишвар қавӣ шудааст.” Обама аз Конгресси Амрико даъват кард барномаи зербиноии бунёди бандарҳои муосир, кӯпрукҳои пурқувваттар, қаторҳои босуръати роҳи оҳан ва дастрасии боз ҳам зудтар ба Интернетро тасвиб кунад. Гуфта мешавад, ки ин нахустин паёми Президенти демократи Амрико буд, ки ба ҳайати нави Маҷлиси намояндагон ва Сенат баъди интихоботи моҳи ноябр ин ҳарду маҷлис таҳти назорати ҳизби ҷумҳурихоҳ қарор гирифтанд.
Душанбе,21.01.2015. (АМИТ «Ховар»).-Шаби гузашта шаҳри Рамодии Ироқ аз сӯи ҷангиёни гурӯҳи ифротии «Давлати исломӣ» ҳадафи ҳамла қарор гирифт. Бар асари ин ҳамлаи шадид 9 намояндаи ҳифзи ҳуқуқи давлатӣ ҳалок гардида, ҷанд нафари дигар захмӣ гардидааст. Бояд гуфт, ки қароргоҳи рӯҳонии баландпояи динии ин кишвар низ ҳадафи гулӯлаборон қарор гирифтааст.
Душанбе,21.01.2015. (АМИТ «Ховар»).-Мувофиқи иттилои шабакаи интернетии Би-Би-Си шаби гузашта дар қисми шимолу шарқии Ҳиндустон бинои 5 ошёна якбора ба қаъри замин фурӯ рафт. Мутаассифона, дар айни ҳол маълум нашудааст, ки чанд нафар дар зери харобаҳо қарор доранд. Мутахассисони соҳаи зилзиласанҷии кишвар дар макони ҳодиса фаъолият дошта, сабабҳои фурӯ рафтани биноро муайян менамоянд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






