Сатҳи истеҳсол дар 158 корхона баландтар шудааст
Душанбе, 16.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Тибқи иттилои Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-декабри соли 2014 158 корхона сатҳи истеҳсолро нисбат ба соли 2013 баланд бардошт. Зимнан, соли ҷорӣ 29 корхона ё 11 фоиз аз шумораи умумӣ кор накард.
Гуфта мешавад, ки дар моҳҳои январ-декабри соли 2014 дар истеҳсоли маҳсулотҳои зерин афзоиш ба назар мерасад, аз ҷумла истеҳсоли селлюлозаи коғаз, фаъолияти табъу нашр, дигар соҳаҳои саноат, истеҳсолоти металлургӣ ва маҳсулоти тайёри филизӣ, истеҳсоли чарм, маҳсулот аз чарм ва истеҳсоли пойафзол, истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, якҷоя бо нӯшокиҳо ва тамоку, истеҳсоли кимиёвӣ ва истеҳсоли мошинолот ва таҷҳизот.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






